- ароба
- [ارابه]воситаи нақлиёти чархдор, ки маъмулан аз чӯб сохта мешавад ва аз он барои боркашӣ ва саворӣ истифода баранд; аробаи аспӣ аробае, ки онро асп мекашад; аробаи дучарха аробае, ки ду чарх дорад; аробаи каппадор аробаи болопӯш; аробаи кӯтак аробаи худчарх; аробаи рессордор аробае, ки нишастгоҳи он дар рӯи рессор - пружина сохта шудааст; аробаи чорчарха аробае, ки чор чарх дорад; аробаи қӯқандӣ аробаи чархҳояш калон, ки болопӯшида ҳам мешавад; ароба кашидан (рондан) ба аробакашӣ машғул шудан◊ аробаи хушку холиро гирифта гурехтан моҳияти масъаларо нафаҳмида ғавғо бардоштан
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.